The Noble Qur'an Encyclopedia
Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languagesThe Calamity [Al-Qaria] - Tajik translation - Arfy
Surah The Calamity [Al-Qaria] Ayah 11 Location Maccah Number 101
[Он] Фурукӯбанда
[Он] Фурукӯбанда чист?
Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист?
Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд
Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд
Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад
[Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд
Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад
Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст
Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист?
Оташе аст сӯзон [ва шуълавар]