The Noble Qur'an Encyclopedia
Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languagesThe Flame [Al-Masadd] - Tajik translation - Arfy
Surah The Flame [Al-Masadd] Ayah 5 Location Maccah Number 111
Бурида бод ҳар ду дасти Абулаҳаб ва ҳалок бод!
Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид
Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад
Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад]
Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост