عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

Those who set the ranks [As-Saaffat] - Tajik translation - Arfy

Surah Those who set the ranks [As-Saaffat] Ayah 182 Location Maccah Number 37

Савганд ба фариштагони саф ба саф [ки барои парастиши Парвардигор истодаанд]

Ва савганд ба фариштагоне, ки абрҳоро меронанд

Ва савганд ба фариштагоне, ки Қуръон тиловат мекунанд

[ки] Бе тардид, маъбуди шумо яктост

[Ҳамон] Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва Парвардигори [хуршед дар ғурубгоҳҳо ва] тулуъгоҳҳо

Ба ростӣ, ки Мо осмони дунёро бо зевари ситорагон оростем

Ва онро аз [дастрасии] ҳар шайтони саркаш ҳифз кардем

[Он шаётин ҳаргиз] наметавонанд [суханони фариштагони] олами болоро бишунаванд ва аз ҳар сӯ [бо шаҳобҳои оташин] тирборон мешаванд

[Аз вуруди онон ба олами фариштагон ҷилавгирӣ мешавад ва ҳамвора ба] ақиб ронда мешаванд ва азоби ҷовидон [дар пеш] доранд

Магар касе, ки ногаҳон чизе [аз гуфтугӯи фариштагон]-ро дуздида гӯш диҳад, ки [дар ин сурат] шаҳоби дурахшон ӯро дунбол мекунад

Аз онон [кофирон] бипурс, ки оё офариниши [пайкарҳои] онон сахттар аст ё он чи ки Мо [аз замину осмонҳо ва ҷаҳони бекарон] офаридаем; [дар ҳоле ки] Мо онҳоро аз гили [беарзиш ва] часпида падид овардем

Ту [аз инкори онон] дар шигифтӣ ва онҳо [низ суханонатро дар бораи қиёмат] масхара мекунанд

Ва чун панд дода шаванд, намепазиранд

Ва чун нишонаҳои [дар мавриди ростгӯии Паёмбар] мебинанд, [онро] ба тамасхур мегиранд

Ва мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор

Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?

Оё падарони мо [низ барангехта мешаванд]?»

Бигӯ: «Оре, шумо, дар ҳоле ки хор ҳастед [зинда мешавед]»

Пас, [вуқуи қиёмат] танҳо бо як бонг [-и саҳмнок] аст ва ногаҳон [ҳама аз қабрҳо берун меоянд ва дар интизори дастури Парвардигор, ваҳшати қиёматро] назорат мекунанд

Ва мегӯянд: «Вой бар мо! Ин [ҳамон] рӯзи ҷазост»

[Гуфта мешавад: Оре] ин ҳамон рӯзи довариест, ки дурӯғаш меангоштед»

[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Касонеро, ки [бо ширк ба хеш] ситам карданд,ё бо [ҳамфикрон ва] ҳаммонандҳояшон

ва он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастиданд, гирд оваред ва ба роҳи дузах ҳидояташон кунед

Ва ононро нигаҳ доред, ки, ҳатман, [пеш аз рафтан ба дузах] бозхост хоҳанд шуд

[Аз дузахиён мепурсанд] «Чаро [монанди дунё] аз якдигар ҳимоят намекунед?»

Балки имрӯз [ҳамагӣ] таслим [-и амри Парвардигор] ҳастанд

Ва сарзанишкунон ба якдигар рӯ меоранд

[Ва ба роҳбарон ва бузургони худ] мегӯянд: «Шумо [барои ба куфр кашонондани мо бо иддаои дини ростин ва] аз ҷониби ҳақ ба суроғамон меомадед»

[Роҳбаронашон] Мегӯянд: «Мо муқассир нестем], балки шумо худ имон надоштед

Ва мо ҳеҷ тасаллуте бар шумо надоштем; балки шумо худ гурӯҳи саркаш будед

Пас, [акнун] фармони муҷозоти Парвардигорамон бар мо муҳаққақ шуда ва ба ростӣ, мо [ҳамагӣ азоби дузахро] чашандаем

Пас, шуморо гумроҳ намудем [чаро ки] дар ҳақиқат, худ низ гумроҳ будем»

Пас, яқинан он рӯз ҳамаи [онон] дар азоб шариканд

Бе тардид, Мо бо гунаҳкорон инчунин [рафтор] мекунем

Онон буданд, ки чун ба эшон гуфта мешуд: «Маъбуде [барҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест» саркашӣ [ва такаббур] мекарданд

ва мегуфтанд: «Оё мо маъбудонамонро ба хотири [сухани] шоире девона раҳо кунем?»

[Чунин нест] балки ӯ ҳақ [тавҳид]- ро оварда ва паёмбарони [пешин] – ро тасдиқ кардааст

Шумо [кофирон], ҳатман, азоби дардноки [дузах]-ро мечашед

Ва ҷуз [дар баробари] он чи мекардед, муҷозот намешавед

Ҳама азоб мебинанд, магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло

Онон [дар пешгоҳи Парвардигор ризқу] рӯзии мушаххасе доранд

[Анвои] меваҳо [-ро дар ихтиёр хоҳанд дошт] ва гиромӣ дошта мешаванд

Дар боғҳои пурнеъмати [биҳишт]

Дар ҳоле ки муқобили якдигар бар тахтҳо [такя задаанд]

ҷоме аз шароби ноб [ва зулол] перомунашон мегардонанд

[Шаробе равшан ва] сафед, ки барои нӯшандагонашон лаззатбахш аст

[Шаробе, ки хуморӣ ва] сардардӣ дар нӯшиданаш нест ва аз он маст намегарданд

Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд

[Занон чунон сафедандоманд, ки] гӯё тухм [-и парандагон] ҳастанд [ва зери пар ва боли онҳо аз дастрасии ҳамагон] пинҳон мондаанд

[Биҳиштиён дар бораи рӯйдодҳои дунё суҳбат мекунанд ва] бархе аз онон пурсишкунон рӯ ба бархе дигар мекунанд

Яке аз онон мегӯяд: «Ман [дар дунё] ҳамнишине доштам

[Ӯ пайваста] Мегуфт: Оё ту воқеан [ба қиёмат] бовар дорӣ?

Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, оё ҳақиқатан [зинда мешавем ва ба хотири корҳоямон] ба мо кайфар медиҳанд?»

[Сипас, ба дӯстони биҳиштиаш] мегӯяд: «Оё [шумо низ ҳамроҳи ман] сар мекашед [то бидонем ӯ куҷост]?»

Он гоҳ худи ӯ сар мекашад ва ӯро дар миёни дузах мебинад

Ба ӯ мегӯяд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки наздик буд маро [бо васвасаҳои куфромезат] нобуд созӣ

Агар неъмати [ҳидояти] Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагон [дар дузах] будам»

[Он гоҳ ба биҳиштиён мегӯяд] «Оё мо дигар марге нахоҳем дошт

Ба ростӣ, ки ин ҳамон комёбии бузург аст

Аҳли амал бояд барои чунин [подош] бикӯшанд

Оё ин [неъмати биҳишт, каримонатар ва] барои пазироӣ беҳтар аст ё дарахти зақум [дар дузах]?

Бе тардид, Мо он дарахтро мояи озмоиши ситамгорони [мушрик] додаем [чаро ки мегӯянд: «Ҳеҷ дарахте дар оташ намерӯяд»]

Дар ҳақиқат, он [мояи азоб] дарахте аст, ки аз жарфои дузах мерӯяд

Меваҳояш [чунон бадманзар аст, ки] гӯё сарҳои шаётин аст

Онон [дузахиён] аз [меваҳои талхи] он мехӯранд ва шикамҳоро аз онҳо анбошта мекунанд

Он гоҳ рӯи ин [ғизои нопок, ба ҷойи нӯшидани] омезаҳои аз оби ҷӯшон доранд

Сипас, яқинан, бозгашташон ба дузах аст

Ва [ҳамчунон] дар пайи онон мешитофтанд

Ва, ҳатман, қабл аз онон низ бештари пешиниён гумроҳ шуданд

Ва бе тардид, Мо миёнашон ҳушдордиҳандагон [-и бисёр] фиристодем

Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чи гуна буд

[Ҳама гирифтори азоб шуданд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло

Нуҳ ба даргоҳи Мо дуо кард ва [Мо] чи наку иҷобаткунанда будем!

Ва ӯ ва хонаводаашро [бо ҳамроҳи муъминон] аз балои бузурги [туфон] наҷот додем

Ва [пас аз туфон, фақат пайравони муъмин ва] хонаводаи ӯро [дар замин] боқӣ гузоштем

Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

Салом [ва ситоиши] ҷаҳониён бар Нуҳ бод

Ба ростӣ Мо накукоронро, инчунин, подош медиҳем

Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд

Он гоҳ дигаронро [ки дар туфон монда буданд] ғарқ кардем

Ва, ҳатман, Иброҳим аз пайравони ӯ [Нуҳ] буд

[Ёд кун аз] ҳангоме ки вай бо дили пок [ва холӣ аз ширк] ба [даргоҳи] Парвардигораш омад

Он гоҳ ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизе мепарастед?

Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло ин маъбудони дурӯғинро мехоҳед?

Гумонатон дар бораи Парвардигори ҷаҳониён чист?»

Сипас нигоҳе ба ситорагон афканд [ва андешид]

Ва гуфт: «Ман беморам [ва дар ҷашн ширкат намекунам]»

Мардум ӯро тарк карданд ва рафтанд

Он гоҳ пинҳонӣ назди бутҳояшон рафт ва [бо тамасхур] гуфт: «Чизе намехуред?

Шуморо чи шудааст, ки сухан намегӯед?»

Сипас бо дасти рости худ зарбаҳои [муҳкам] бар онҳо ворид овард [ва ҷуз бути бузург ҳамаро шикаст]

Пас, қавмаш шитофтанд ва ба сӯйи ӯ омаданд

[Иброҳим] гуфт: «Оё чизеро, ки худ метарошед, мепарастед?

Ва ҳол он ки Аллоҳ таоло [ҳам] шумо ва [ ҳам] он чиро анҷом медиҳед офаридааст

[Вақте бутпарастон аз посух дармонданд] Гуфтанд: «Барояш бинои [баланд] бисозед ва ӯро дар оташ биафканед»

Пас, барои [нобудии] ӯ найранг хостанд, [вале] Мо ононро паст ва [мағлуб] сохтем [ва оташ бар Иброҳим сард ва беасар шуд]

Ва гуфт: «Ман ба сӯи [сарзамини дигаре барои ибодати] Парвардигорам меравам ва Ӯ ҳидоятам хоҳад кард

Парвардигоро, ба ман [фарзанде] аз шоистагон ато кун»

Мо [дуояшро мустаҷоб кардем ва] ӯро ба таваллуди писари бурдборе башорат додем

Ва чун [Исмоил] ба [синни навҷавонӣ ва] ҳадди талош [ва ҳамкорӣ] бо ӯ [Иброҳим] расид, ба вай гуфт: Писарам, дар хоб [ба ман ваҳй мешавад ва] мебинам, ки туро забҳ мекунам. Назарат дар ин бора чист?» [Исмоил] гуфт: «Падарҷон, он чиро ки ба ту амр шудааст анҷом бидеҳ. Иншоаллоҳ маро [дар баробари ин фармон] шикебо хоҳӣ ёфт»

Пас, чун ҳар ду таслими [фармони Парвардигор] шуданд ва [Иброҳим] ӯро бо гуна [бар хок] ниҳод

Ба ӯ нидо додем, ки «Эй Иброҳим!

Яқинан хобатро таҳаққуқ бахшидӣ». Мо накукоронро чунин подош медиҳем

Бе тардид, ин [хоб] озмоише ошкор буд [ва Иброҳим аз он сарбаланд берун омад]

Ва [ҷони] ӯро дар баробари қурбонии бузурге бозхаридем

Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

Мо накукоронро чунин подош медиҳем

Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд

Ва ӯро ба [таваллуди] Исҳоқ, ки паёмбаре аз шоистагон буд, башорат додем

[Мо] Ба ӯ ва Исҳоқ баракат додем, ва [бархе] аз афроди дудмонашон накукор буданд ва [бархе дигар] ошкоро нисбат ба хештан ситамгор буданд

Ва ба ростӣ, бар Мӯсо ва Ҳорун миннат ниҳодем

Ва он дуро ҳамроҳи қавмашон аз андуҳи бузург [ситами Фиръавн ва хатари ғарқ шудан дар Нил] наҷот додем

Ва ба он ду китоби равшангар [Таврот] додем

Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем

Ва барояшон дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

Мо накукоронро чунин подош медиҳем

Бе тардид, он ду бандагони муъмини Мо буданд

Ва, ҳатман, Илёс [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд

[Ёд кун аз] Ҳангоме ки ӯ ба қавмаш гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?

Оё [бути] «Баъл»-ро [ба парастиш] мехонед ва беҳтарин офарандаро раҳо мекунед?

Аллоҳ таоло [-ро тарк мекунед], ки Парвардигори шумо ва Парвардигори падаронатон аст»

Аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва мусалламан, [барои азоб] ҳозир карда мешаванд

Магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло

Мо барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

Ба ростӣ, Мо накукоронро чунин подош медиҳем

Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд

Ва ҳатман, Лут [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд

[Ёд кун аз] ҳангоме ки ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем

Магар пиразане, ки аз боқимондагон [дар азоб] буд

Сипас дигаронро ҳалок кардем

Ва шумо [дар сафар ба сарзамини Шом] субҳгоҳон бар [вайронаҳои шаҳрҳои] онон мегузаред,

ва шабонгоҳ. Оё намеандешед [ва ибрат намегиред]?

Ва, ҳатман, Юнус [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд

[Ёд кун аз] ҳангоме ки [ хашмгин аз куфри қавмаш, бидуни иҷозати Парвардигор] ба киштии анбошта [аз мусофир ва бор] гурехт

Пас, [чун киштӣ дар ҳоли ғарқ шудан буд, Юнус ҳамроҳи мусофирон барои берун андохтани бархе афрод] қуръа андохтанд ва бозанда шуд [ва ӯро ба дарё андохтанд]

Сипас моҳии [бузурге] ӯро балъид [фурӯ бурд], дар ҳоле ки [худро ба хотири тарки вазифа] сарзаниш мекард

Пас, агар дар зумраи тасбеҳгӯёни [Парвардигор] набуд,

Яқинан, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, дар шиками он [моҳӣ] боқӣ мемонд

Он гоҳ ӯро дар ҳоле ки [заъиф ва] бемор буд ба сарзамини хушк [ва бегиёҳ] афкандем

Ва бар [сари] ӯ бутаи каду рӯёндем [то аз соя ва меваҳояш баҳра гирад]

Ва [дубора] ӯро ба сӯйи сад ҳазор нафар ё бештар [ба рисолат] фиристодем

Пас, онон имон оварданд ва Мо низ то муддате [аз неъматҳои зиндагӣ] баҳрамандашон сохтем

Пас, аз эшон [мушрикон] бипурс, оё духтарҳо барои Парвардигори ту ва писарҳо барои онҳост?

Оё Мо фариштагонро духтар офаридем ва онҳо ҳузур доштанд?

Огоҳ бош! Онон аз [рӯи туҳмат ва] дурӯғгӯӣ

мегӯянд: «Аллоҳ таоло фарзанд дорад» ва, яқинан, дурӯғ мегӯянд

Оё [Аллоҳ таоло] духтаронро бар писарон тарҷеҳ додааст?

Шуморо чи шудааст? Чи гуна ҳукм мекунед?

Оё [намеандешед ва] панд намегиред?

Оё [бар иддаои ботили хеш] далели равшане доред?

Пас, агар ростгӯед, китобатонро биёваред

[Мушрикон] байни Ӯ [Аллоҳ таоло] ва фариштагон, хешовандӣ қоил шудаанд; дар ҳоле ки фариштагон ба яқин медонанд, ки [мушрикон рӯзи қиёмат барои ҳисобрасӣ] эҳзор мешаванд

Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст

[Мардум дар тавсифи Парвардигор, сухани газоф мегӯянд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло

Пас, шумо [мушрикон] ва он чи мепарастед,

[ҳаргиз] гумроҳгари [касе аз дини ҳақ] нестед

Магар он ки [ба тақдири илоҳӣ] аҳли дузах бошад

Ва [фариштагон мегӯянд]: «Ҳеҷ як аз мо нест, магар он ки мақоми мушаххасе [дар пешгоҳи илоҳӣ] дорад

Моем, ки [барои парастиш ва ниёиш ба даргоҳи Парвардигор] ба саф истодаем

Ва бе тардид, моем, ки тасбеҳгӯи [Ӯ] ҳастем»

Ва [кофирон, пеш аз биъсат] ҳамвора мегуфтанд:

«Агар китобе аз [китобҳои осмонии] пешиниён наздамон буд,

яқинан, аз бандагони мухлиси Аллоҳ таоло мешудем»

Аммо [ҳангоме ки паёмбар бо Қуръон ба сӯяшон омад, ҳаққонияти] онро инкор карданд; пас, ба зудӣ [натиҷаи ин корашонро] хоҳанд донист

Ва ҳатман суханони Мо дар бораи бандагони фиристодаамон аз пеш содир шудааст

Онон, ҳатман, аз ҷониби Мо ёрӣ шудаанд

Ва бе тардид, лашкари Мо пирӯзанд

Пас, [эй Паёмбар] то муддате аз онон [мушрикон] рӯй бигардон

Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид

Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?

Он гоҳ ки [азоби илоҳӣ] бар хонаҳояшон фуруд ояд, чи бад аст бомдоди ҳушдорёфтагон!

Ва то муддате аз онон рӯй бигардон

Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид

Пок ва муназзаҳ аст Парвардигорат - Парвардигори иззат ва қудрат-аз он чи [мушрикон ба дурӯғ] васф мекунанд

Ва сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло- Парвардигори ҷаҳониён- аст