عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The Beneficient [Al-Rahman] - Tajik translation - Arfy

Surah The Beneficient [Al-Rahman] Ayah 78 Location Maccah Number 55

[Аллоҳи] Раҳмон

Қуръонро омӯзиш дод

Инсонро офарид

[Ва] Ба ӯ сухан гуфтан омӯхт

Хуршеду моҳ бо ҳисобе муназзам [-у дақиқ] дар гардишанд

Ва ситора ва дарахт [барояш] саҷда мекунанд

Ӯ осмонро барафрошт ва мизони [адолатро дар замин] барқарор намуд

[Эй мардум, чунин кард] То дар вазну паймона [ба якдигар] ситам накунед;

Ва санҷиш [-и ҳуқуқи дигарон]-ро ба адолат баровард кунед ва дар санҷиш зиён нарасонед [ва камфурӯшӣ накунед]

Ӯ заминро барои [зиндагии] инсонҳо муқаррар дошт

Ки дар он [анвои] меваҳо ва нахлҳои хушадор аст

Ва [ҳамчунин] ҳубуботи баргдор ва гиёҳони хушбӯ

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Ӯ инсонро аз гиле ҳамчун сафол офарид

Ва ҷинро аз шуълае аз оташ халқ кард

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳост

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Ӯ ду дарё [-е шӯру ширин]-ро равон кард, то [ба якдигар] бирасанд

[Дар айни ҳол] Миёнашон монеъе аст, ки бо ҳам намеомезанд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Аз он ду [дарё] марвориду марҷон ба даст меояд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Киштиҳои кӯҳпайкари бодбонбарафрошта дар дарё барои Ӯст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Ҳар чӣ рӯи замин аст, фанопазир аст

Ва [танҳо зоти ҷовиду] рӯйи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат боқӣ хоҳад монд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

[Тамоми] Касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд аз Ӯ дархости ниёз мекунанд ва Ӯ ҳар рӯз [ва ҳар лаҳза] дар коре аст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Эй гурӯҳи ҷинну инс, ба зудӣ ба ҳисоби шумо мепардозем

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Эй гурӯҳи ҷинну инс, агар метавонед аз каронаҳои осмону замин гузар кунед, [то аз муҷозоти илоҳӣ бираҳед] пас, гузар кунед; қодир [ба ин кор] нахоҳед буд, магар бо қудрати [фаровоне, ки шумо онро надоред]

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Шарорае аз оташ ва зарроти оташе бар шумо борида мешавад, ки [дар баробари он] қодир ба дифоъ нестед

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Он гоҳ ки осмон бишкофад ва ҳамчун равғани гудохта сурхфом гардад [қиёмат оғоз хоҳад шуд]

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Он рӯз [ба иллати равшан будани ҳамаи умур] аз инсу ҷин [дар бораи гуноҳонашон] суол нахоҳад шуд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Гунаҳкорон аз чеҳраҳояшон шинохта мешаванд; он гоҳ [ононро] аз мӯйи пешонӣ ва пойҳояшон мегиранд [ва ба дузах меандозанд]

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Ин [ҳамон] ҷаҳаннаме аст, ки гунаҳкорон инкораш мекарданд

[Дар он ҷо] Миёни оташу оби ҷӯшон дар ҳаракатанд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Ҳар ки аз истодан дар пешгоҳи Парвардигораш [барои ҳисоб] метарсад, ду боғ [дар биҳишт] дорад

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

[Бо дарахтоне] Пур аз шохсор

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Дар он боғҳо ду чашмаи равон аст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Дар он боғҳо аз ҳар мевае ду навъ вуҷуд дорад

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

[Биҳиштиён] Бар бистарҳое, ки астарашон аз дебои захим аст, такя мезананд ва меваҳои он боғҳо дар дастрасашон аст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Дар он боғҳо ҳуроне афтоданигоҳ ҳастанд, ки дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Дар канори он боғҳо ду боғи [биҳиштии] дигар аст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

[Ду боғ] Ки [дарахтонаш] дар ниҳояти сабзӣ [ва хуррамӣ] аст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Дар он ду [боғи биҳиштӣ] ду чашмаи ҷӯшон ҷорӣ аст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Ва дар онҳо [дарахтони] мева ва дарахтони хурмо ва анор ҳаст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Дар миёни он боғҳо занони нексират ва некрӯй ҳузур доранд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Ҳуроне, ки дар саропардаи хаймаҳои биҳиштӣ нишастаанд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

[Душизагоне, ки] Дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

[Биҳиштиён] Бар болиштҳое сабзу бистарҳое нафису зебо орамидаанд

Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

Номи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат бобаракату фархунда аст