The Noble Qur'an Encyclopedia
Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languagesExile [Al-Hashr] - Tajik translation - Arfy
Surah Exile [Al-Hashr] Ayah 24 Location Madanah Number 59
Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
Ӯст, ки касоне аз аҳли китобро, ки кофир шуданд, бо нахустин бархӯрд [ва гирдоварии лашкар] аз диёрашон берун ронд. Гумон намекардед, ки онҳо хориҷ шуданд ва худашон [низ] гумон мекарданд, ки дижҳо [-и муҳкам]а-шон онҳоро аз [азоби] Аллоҳ таоло монеъ мешавад; пас, [азоби] Аллоҳ таоло аз ҷойе, ки гумон намекарданд, ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, [ба гунае ки] хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти муъминон вайрон мекарданд; пас, эй соҳибони биниш, ибрат гиред
Агар Аллоҳ таоло тарки ватан [ва оворагӣ]-ро бар онон муқаррар надошта буд, яқинан ононро дар [ҳамин] дунё азоб мекард ва барои эшон дар охират азоби оташ [-и ҷаҳаннам] аст
Ин [оворагӣ ва азоб] ба хотири он аст, ки онҳо бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] карданд ва ҳар кас бо Аллоҳ таоло мухолифат [ва душманӣ] кунад, бе гумон, Аллоҳ таоло сахткайфар аст
Он чи аз дарахти хурмо буридед ва ё онро истода бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Аллоҳ таоло буд, то фосиқонро хор [-у расво] созад.
Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] онҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, пас, бар он [амвол] на аспе тохтед ва на шутуре; вале Аллоҳ таоло расулонашро бар ҳар кас, ки бихоҳад, чира мегардонад ва Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност
Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] аҳли ободиҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, аз они Аллоҳ таоло ва расул ва хешовандони ӯ ва ятимон ва бенавоён ва дарроҳмондагон аст. То [ин амвол] дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад; ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст
[Ин амвол] Барои фуқарои муҳоҷире аст, ки аз хона ва амволашон берун ронда шуданд, аз Аллоҳ таоло фазл ва хушнудӣ металабанд ва Аллоҳ таоло ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд. Онҳо ростгӯёнанд
Ва [низ] касоне, ки пеш аз онон дар диёри ислом [Мадина] ҷой гирифта ва имон овардаанд, афродеро, ки ба сӯяшон ҳиҷрат мекунанд, дӯст доранд ва дар дилҳои худ аз он чи [ба муҳоҷирон] дода шуда, эҳсоси ҳасад [ва ниёз] намекунанд ва эшонро бар худ муқаддам медоранд, ҳатто агар худ ниёзманд бошанд; ва касоне, ки аз бухл [-у ҳирс]-и нафси хеш дар амон бимонанд [ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунанд], онон растагоранд
Ва [низ] Касоне, ки пас аз онҳо [пас аз муҳоҷирону ансор] омадаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳоямон нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, кинае қарор мадеҳ. Парвардигоро, бе гумон, Ту дилсӯзи меҳрубонӣ»
Оё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони аҳли китобашон, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Агар шуморо [аз сарзаминатон] берун кунанд, мо [низ] бо шумо берун хоҳем омад ва ҳаргиз [сухани] касеро дар мавриди шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷанг шавад, албатта ёритон хоҳем кард?». Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурӯғгӯ ҳастанд
Агар онҳо [яҳудиён]-ро [аз ватанашон] берун кунанд, эшон ҳамроҳи онон берун намераванд ва агар бо онҳо ҷанг шавад, ёриашон нахоҳанд кард ва агар [ҳам] ёриашон кунанд, албатта, пушт [ба майдон] карда, фирор мекунанд ва дигар ёрӣ дода намешаванд
[Эй муъминон] Шумо, ҳатман, дар дилҳои онон беш аз Аллоҳ таоло мояи ҳаросед, зеро онон мардумоне ҳастанд, ки намефаҳманд
Онҳо [яҳудиён] ҳаргиз дастаҷамъӣ бо шумо намеҷанганд, магар дар рустоҳо [ва дижҳо]-и муҳкам ё аз пушти деворҳо. Ҷангашон дар миёни худашон сахт аст. Ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ, дар холе ки дилҳояшон пароканда аст, зеро онҳо қавме ҳастанд, ки намеандешанд
[Достони ин яҳудиён] Монанди [достони] касонест, ки андаке пеш аз онон буданд [ва дар воқеаи Бадр] сазои кор [-и бад]-и худро чашиданд ва барои эшон азоби дардноке [дар пеш] аст
Ҳамчун [достони] шайтон аст, ҳангоме ки ба инсон гуфт: «Кофир шав»; пас, чун кофир шуд, [ба ӯ] гуфт: «Ман аз ту безорам, [чаро ки] ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам»
Пас, саранҷом [-и кор]-и онҳо ин шуд, ки онҳо ҳар ду дар оташи [дузах] хоҳанд буд. Ҷовидона дар он мемонанд ва ин аст кайфари ситамгорон.
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо чи пеш фиристодааст ва аз Аллоҳ таоло битарсед. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
Ва ҳамчун касоне набошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд, пас, Аллоҳ таоло [низ] ононро дучори худфаромӯшӣ сохт. Онҳо [бадкору] нофармонанд
Ҳаргиз аҳли ҷаҳаннам ва аҳли биҳишт яксон нестанд. Аҳли биҳишт растагоранд
Агар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, яқинан, онро аз тарси Аллоҳ таоло фурутан ва аз ҳам пошида медидӣ; ва ин масалҳоро барои мардум мезанем, бошад, ки бияндешанд.
Ӯ Аллоҳ таоло аст, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ростин] нест; донои ғайб ва ошкор аст; Ӯ бахшандаи меҳрубон аст
Ӯ Аллоҳест, ки ҷуз Ӯ маъбуде [баҳақ] нест; [Ӯст] фармонраво, муназзаҳ, беайб ва нуқс, тасдиқкунандаи паёмбаронаш, муроқиб [-и аъмоли бандагонаш], қудратманди шикастнопазир, шукӯҳманду шикастдиҳандаи мутлақ, воломақому шоистаи азамат. Аллоҳ таоло аз он чи [барои Ӯ] шарик меоваранд, поку муназзаҳ аст
Ӯ Аллоҳ таоло аст: холиқи ҳастӣ, офаридгори он аз нестӣ [ва] шаклдиҳандаи махлуқот; номҳои нек барои Ӯст. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳи Ӯ мегӯянд ва Ӯ қудратманди шикастнопазир [ва] ҳаким аст.