عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The Pen [Al-Qalam] - Tajik translation - Arfy

Surah The Pen [Al-Qalam] Ayah 52 Location Maccah Number 68

Нун.[1] Савганд ба қалам ва он чи менависанд

Ки ту [эй паёмбар] ба неъмат [ва фазли] Парвардигорат девона нестӣ

Ва барои ту подоше бепоён [дар пеш] аст

Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ

Пас, ба зудӣ хоҳӣ дид ва онҳо [низ] хоҳанд дид,

ки кадом як аз шумо девона аст

Парвардигорат беҳтар медонад, чи касе аз роҳи Ӯ гумроҳ гашта ва [низ] Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст

Пас аз такзибкунандагон итоат макун

Онҳо дӯст медоранд [ва мехоҳанд], ки нармӣ [ва мадоро] кунӣ, то онон [низ] нармӣ [ва мадоро] кунанд

Ва аз ҳар фурумояе, ки бисёр савганд [-и дурӯғ] ёд мекунад, итоат макун

[Он ки] Бисёр айбҷуст ва ба суханчинӣ омадушуд мекунад

Ва бисёр монеи кори хайр ва мутаҷовизу гунаҳгор аст

Гузашта аз он, дурушту бетабор ва бадном аст

Бад-он хотир, ки соҳиби молу фарзандони бисёр аст

Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда шавад, мегӯяд: «[Инҳо] Афсонаҳои гузаштагон аст»

Ба зудӣ бар бинии ӯ доғ [-и нангу расвоӣ] мениҳем

Мо онҳоро озмоиш кардем, ҳамон гуна ки соҳибони боғро озмудем, ҳангоме ки савганд ёд карданд, ки субҳгоҳон [ки мустамандон набошанд] меваҳои боғро бичинанд

Ва [-ле] «иншоаллоҳ» нагуфтанд

Пас, азобе [фарогир] аз сӯйи Парвардигорат бар [боғи] онҳо фуруд омад, дар ҳоле ки ҳама дар хоб буданд

Пас, он боғ [-и сабзу хуррам пас аз оташсӯзӣ] ҳамчун шаби сиёҳ шуд

Он гоҳ субҳгоҳон якдигарро нидо доданд

Ки агар мехоҳед, дарав кунед, ба сӯйи киштзор [ва боғ]-и хеш биравед

Пас [ба сӯйи киштзор] ҳаракат карданд, дар ҳоле ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд:

«[Муроқиб бошед] Ки имрӯз ҳеҷ [ниёзманд ва] бенавое дар он [боғ] ворид нашавад!»

Ва субҳгоҳон бо тасмими ҷиддӣ бар ҷилавгирӣ [аз вуруди мустамандон ба самти боғ] берун шуданд

Пас, ҳангоме ки он [боғ]-ро диданд, гуфтанд: «Яқинан мо [иштибоҳ омадаем ва] роҳро гум кардаем

балки ҳама чизро аз даст додаем

Яке аз беҳтарин [ва хирадмандтарин]-и эшон гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, чаро [шукру] тасбеҳ [-и Аллоҳро] намегӯед?»

Гуфтанд: «Парвардигори мо поку муназзаҳ аст. Мусалламан, мо ситамгор будем»

Он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд

[ва] Гуфтанд: «Вой бар мо, ки туғёнгар [ва саркаш] будем!

Умедворем, ки Парвардигорамон [моро бибахшад ва] дар иваз чизе беҳтар аз он [боғ] ба мо диҳад, [чаро ки] бе гумон, мо ба сӯи Парвардигори худ рӯй овардаем»

Азоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст.

Ба ростӣ, барои парҳезкорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмат аст

Оё мо мусулмононро ҳамчун муҷримон [ва гунаҳгорон] қарор медиҳем?

Шуморо чи шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед?

Оё шумо китобе [осмонӣ] доред, ки дар он фаромегиред?

Ва [оё] он чиро интихоб мекунед, дар он [китоб] барои шумо [навишта шуда] аст?

Ё ин ки бар [уҳдаи] Мо аҳду паймони устуворе то рӯзи қиёмат доред, ки ҳар чиро ҳукм кунед, [ҳақ] барои шумо бошад?

[Эй Паёмбар,] аз онҳо бипурс кадом як аз онон дар баробари ин [иддаоҳо] мутааҳҳид аст?

Ва ё ин ки [маъбудон ва] шариконе доранд? Пас агар рост мегӯянд, бояд шарикон [ва маъбудони] хешро биёваранд

Рӯзе, ки [соқ ошкор гардад ва] кор сахту душвор шавад ва [мардум] ба саҷда фаро хонда мешаванд, вале [кофирон ва мунофиқон] наметавонанд [саҷда кунанд]

[Дар ҳоле ки] Дидагонашон [аз тарсу надомат] фуру афтода ва зиллату хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст ва, яқинан, пеш аз ин [дар дунё] дар ҳоле ки тандуруст буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд

Пас, [эй Паёмбар] Маро бо он касе, ки ин сухан [Қуръон]-ро такзиб мекунад, вогузор. Мо ононро андак-андак [ва] ба гунае ки дарнаёбанд [ва аз ҷое ки мутаваҷҷеҳ нагарданд], ба сӯйи азоб хоҳем кашонд

Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст

[Эй Паёмбар] Магар ту аз эшон музде дархост мекунӣ, ки [аз адои он дар ранҷанд ва] бар эшон сангин аст?

Ё [асрори] ғайб назди онҳост ва онон [он чиро мегуянд, аз рӯи он] менависанд

Пас, [эй Паёмбар] барои фармон [ва ҳукми] Парвардигорат сабр кун ва монанди соҳиби моҳӣ [Юнус] мабош, ки бо диле шармсор аз хашму андӯҳ [Аллоҳро] нидо дод.

Агар неъмат [-у раҳмате] аз сӯи Парвардигораш ба ёрии ӯ наомада буд, яқинан, дар ҳоле ки накӯҳида буд, [аз шиками моҳӣ] ба саҳрои хушкида берун афканда мешуд

Пас, Парвардигораш ӯро баргузид ва аз солеҳон қарор дод

Ва [эй Паёмбар] наздик аст онон, ки кофир шуданд, ҳангоме ки оёти Қуръонро мешунаванд, туро чашмзахм зананд ва [ба хотири хашму ҳасадашон] мегӯянд: «Ҳатман, ӯ девона аст»

Дар ҳоле ки ин [Қуръон] ҷуз панде барои ҷаҳониён нест.