عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The emissaries [Al-Mursalat] - Tajik translation - Arfy

Surah The emissaries [Al-Mursalat] Ayah 50 Location Maccah Number 77

Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд

Ҳамчун тундбод мераванд

Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд

Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд

Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд

Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор

Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд

Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад

Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад

Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад

Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад

Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст?

Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ]

Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист?

Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон!

Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем?

Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард

Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем?

Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем

Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем?

Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон?

Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед.

Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха

На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад»

Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад.

Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд

Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд

Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон!

Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем

Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд

Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд

[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед»

Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем»

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

«[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред»

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд

Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

[Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд?