عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

He Frowned [Abasa] - Tajik translation - Arfy

Surah He Frowned [Abasa] Ayah 42 Location Maccah Number 80

[Паёмбар] чеҳра дар ҳам кашид ва рӯй баргардонд

Аз ин ки он нобино [Абдуллоҳ ибни Умми Мактум] наздаш омад

Ва [эй Паёмбар] ту чи медонӣ? Чи басо ӯ [аз гуноҳонаш] пок шавад

Ё панд гирад ва ин панд ба судаш бошад

Аммо он ки [аз имон] бениёзӣ меварзад

Пас, ту ба ӯ рӯ меоварӣ

Дар ҳоле ки агар ӯ худро [аз куфр] пок насозад, эроде бар ту нест

Аммо касе, ки шитобон ба суроғи ту меояд

Ва [аз Аллоҳ таоло] метарсад

Пас, ту аз ӯ ғофил мешавӣ [ва ба дигарон мепардозӣ]

Ҳаргиз чунин нест; бе гумон, ин [оёт барои] тазаккур ва ёдоварӣ аст

Пас, ҳар ки бихоҳад, аз он панд гирад

Дар саҳифаҳои арҷманде [сабт] аст

[Дар ҷойгоҳе] Баландпоя ва покиза [аз палидӣ]

Дар дасти сафирон [-и ваҳй] аст

[Ки] бузургвору накукоранд

Марг бар инсон [-и кофир, ки] чи қадар носипос аст!

[Аллоҳ таоло] Ӯро аз чи чиз офаридааст?

Ӯро аз нутфа [-и ночизе] офарид ва сипас мавзунаш сохт

Он гоҳ роҳро барояш осон намуд

Он гоҳ [пас аз поёни умр] ӯро миронд ва дар қабр [пинҳон] намуд

Сипас ҳар гоҳ бихоҳад, ӯро [зинда мекунад ва] бармеангезад

Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ мепиндорад]. Ӯ ҳанӯз он чиро, ки [Аллоҳ таоло] фармон дода, ба ҷой наовардааст

Пас, инсон бояд ба ғизои хеш [ва офариниши он] бингарад

Мо оби фаровон [аз осмон] фуру рехтем

Сипас заминро аз ҳам шикофтем

Он гоҳ дар он дона [-ҳои фаровон] рӯёнидем

Ва ангуру сабзӣ [хӯрокии бисёр]

Ва боғҳое [анбуҳ ва] пурдарахт

Ва [анвои] мева ва алаф [падид овардем]

[Ҳамаи инҳо] Барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст

Пас, ҳангоме ки [он] садои боҳайбати [-и қиёмат] фаро расад

Рӯзе, ки инсон аз бародараш мегурезад

Ва аз модараш ва аз падараш

Ва аз занаш ва писаронаш [низ мегурезад]

Дар он рӯз ҳар касро корест, ки ӯро ба худ машғул медорад

Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва равшан аст

[Ба хотири неъмату раҳмати Аллоҳ таоло] хандону шод аст

Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст

Сиёҳӣ [ва торикӣ] онҳоро пӯшонидааст

Инон ҳамон кофирони бадкирдоранд