عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The Overthrowing [At-Takwir] - Tajik translation - Arfy

Surah The Overthrowing [At-Takwir] Ayah 29 Location Maccah Number 81

Он гоҳ ки хуршед дар ҳам печида [ва торик] гардад

Ва он гоҳ ки ситорагон бефурӯғ шаванд

Ва он гоҳ ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд

ва он гоҳ ки модашутурони бордор раҳо шаванд

Ва он гоҳ ки ҳайвоноти ваҳшӣ [дар канори инсон] гирд оварда шаванд

Ва он гоҳ ки дарёҳо [ҷӯшону] барафрӯхта шаванд

Ва он гоҳ ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад

Ва он гоҳ ки аз духтари зиндабагуршуда пурсида шавад

[Ки] Ба кадомин гуноҳ кушта шудааст

Ва он гоҳ ки номаҳо [-и аъмол] кушода шавад

Ва он гоҳ ки парда аз рӯи осмон баргирифта шавад

Ва он гоҳ ки дузах афрӯхта [ва шуълавар] гардад

Ва он гоҳ ки биҳишт [барои парҳезкорон] наздик оварда шавад

[Дар он ҳангом] Ҳар кас хоҳад донист, ки чи чизе [барои охирати худ] омода кардааст

Пас, савганд ба ситорагоне, ки [ба ҷойгоҳи худ] бозмегарданд

[Шитобон] Ҳаракат мекунанд [ва аз назар] пинҳон мешаванд

Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [торикиаш коста шавад ва] пушт кунад

Ва савганд ба субҳ, ҳангоме ки бидамад

Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба Паёмбар ба уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст

[Ҳамон фариштае] Ки [муқтадир ва] неруманд аст ва назди [Аллоҳи] соҳиби Арш мақоми волое дорад

[Дар малакути аъло ва олами фариштагон] Аз ӯ фармон мебаранд ва амин [-и ваҳй] аст

[Эй мардум] Ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест

Ва бе тардид, [Муҳаммад] ӯ [Ҷабраил]-ро дар уфуқи равшан дидааст

Ва ӯ бар [иблоғи он чи аз тариқи] ғайб [ба вай ваҳй мегардад] бахил нест

Ва ин [Қуръон] гуфтаи шайтони рондашуда нест

Пас, ба куҷо меравед?

Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест

Барои ҳар як аз шумо, ки бихоҳад роҳи рости [ҳақро] дар пеш гирад

Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад