عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The Cleaving [AL-Infitar] - Tajik translation - Arfy

Surah The Cleaving [AL-Infitar] Ayah 19 Location Maccah Number 82

Он гоҳ ки осмон шикофта шавад

Он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд]

Ва он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд

Ва он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад

[Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]

Эй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?

Он [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст

Ва ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд

Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед

Ва бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд

Ки нависандагоне бузургворанд

Он чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд]

Мусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд

Ва яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд

Рӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд]

Ва ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд

Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

Боз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

Рӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст