عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The Most High [Al-Ala] - Tajik translation - Arfy

Surah The Most High [Al-Ala] Ayah 19 Location Maccah Number 87

Номи Парвардигори баландмартабаатро ба покӣ ёд кун

[Ҳамон] ки [инсонро] офарид ва ҳамоҳанг ва мутаодил сохт

Ва [ҳамон] касе, ки андозагирӣ кард ва [ба шоистагӣ офарид] ва сипас ҳидоят намуд

Ва [он] касе, ки чарогоҳро [барои тағзияи ҷондорон] рӯёнид

Сипас онро хушку сиёҳ гардонид

Мо ба зудӣ [Қуръонро] бар ту мехонем; пас, ту ҳаргиз [онро] фаромӯш нахоҳӣ кард

Магар он чиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад; ҳамоно Ӯ ошкору ниҳонро медонад

Ва барои ту осонтарин [роҳ]-ро фароҳам мегардонем

Пас, агар панди муфид бошад, [мардумро бо оёти Қуръон] панд деҳ

Ба зудӣ, касе, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, панд мепазирад

Ва бадбахттарин [-и мардум] аз он дурӣ мегузинад

[Ҳамон] Касе, ки дар оташи бузург [-и ҷаҳаннам] дархоҳад омад

Ва дар он [оташ] на мемирад ва на зинда мемонад

Яқинан, касе, ки худро [аз куфру гуноҳ] пок кунад, растагор хоҳад шуд

Ва [низ касе, ки] номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад

Вале шумо [мардум] зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ медиҳед

Дар ҳоле ки охират беҳтар ва пояндатар аст

Ба ростӣ, ин [пандҳо] дар китобҳои осмонии пешин [низ] буд

Китобҳои Иброҳим ва Мӯсо