عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The night [Al-Lail] - Tajik translation - Arfy

Surah The night [Al-Lail] Ayah 21 Location Maccah Number 92

Савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳама чизро] бипӯшонад

Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки ошкор шавад

Ва савганд ба он ки нару модаро офарид

Ки, яқинан, саъй [-ю талош]-и шумо мухталиф [ва неку бад] аст

Ва аммо касе, ки [дар роҳи Аллоҳ таоло] бахшид ва парҳезкорӣ кард

Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро тасдиқ кард

Пас, Мо [анҷоми аъмоли наку ва инфоқ дар роҳи Аллоҳро] барояш осон месозем

Ва аммо касе, ки бухл варзид ва бениёзӣ талабид

Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро такзиб кард

Пас, Мо [анҷоми аъмоли шарру палидро] барояш осон месозем

Ва дар ҳангом [-и маргу] вуруд ба дузах дороияш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт

Мусалламан, ҳидоят [-и бандагон] бар [уҳдаи] Мост

Ва қатъан охират ва дунё [низ] аз они Мост

Пас, ман шуморо аз оташе шуълавар бим додам

Ки ҷуз бадбахттарин [-и мардум] дар он наафтад

[Ҳамон] Касе, ки [оёти Моро] такзиб кард ва рӯ гардонид

Ва ба зудӣ парҳезкортарин [-и мардум] аз он дур нигаҳ дошта мешавад

[Ҳамон] Касе, ки моли худро [дар роҳи Аллоҳ таоло] мебахшад, то [аз гуноҳ] пок шавад

Ва ҳеҷ касро ба қасди подош ёфтани неъмат намебахшад

Магар [барои] касби ризо [ва хушнудии] Парвардигори бартараш

Ва ба ростӣ, ки [бо подоши Аллоҳ таоло] хушнуд хоҳад шуд