عربيEnglish

The Noble Qur'an Encyclopedia

Towards providing reliable exegeses and translations of the meanings of the Noble Qur'an in the world languages

The Clot [Al-Alaq] - Tajik translation - Arfy

Surah The Clot [Al-Alaq] Ayah 19 Location Maccah Number 96

[Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид

[Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид

Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургвортар аст

[Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт

Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт

Чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ҳаққо, ки инсон туғён [ва саркашӣ] мекунад

[Баъд] Аз ин ки худро бениёз [ва тавонгар] бубинад

Яқинан, бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Парвардигори туст

[Эй Паёмбар] Оё дидаӣ он касе, ки [аз ибодати Аллоҳ таоло] бозмедорад

Бандаеро, ҳангоме ки намоз мехонад

Ба ман хабар бидеҳ, агар ин [банда] бар [роҳи] ҳидоят бошад

[Мардумро] Ба парҳезкорӣ фармон диҳад [пас, сазои касе, ки чунин бандаеро биёзорад чист?]

Ба ман хабар деҳ, агар ин [шахси саркаш ҳақро] такзиб кард ва рӯйгардон шуд [оё сазовори азоб нест?]

Оё намедонад, ки бе тардид, Аллоҳ таоло [ҳама аъмолашро] мебинад?

Чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; агар боз наояд [ва даст аз шарорат барнадорад], ҳатман, мӯйи пешониашро ба сахтӣ хоҳем гирифт [ва ба сӯйи дузах хоҳем кашонид]

Мӯйи пешонии [ҳамон] дурӯғгӯи хатокорро

Пас, бояд ҳаммаҷлисонашро [ба кумак] бихонад

Мо [низ] оташбонони [дузах]-ро фаро хоҳем хонд

Чунин нест [ки ӯ мепиндорад]; ҳаргиз ӯро итоат макун ва саҷда кун ва [ба Аллоҳ таоло] тақарруб ҷӯй